МУЛОҚОТ ДАР ВКХ ТОҶИКИСТОН  

 

                           Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз дар шаҳри Душанбе бо раиси комиссияи байналхалқии сохтмони бандҳои бузурги об Жиа Жиншенг мулоқот кард. 
              Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба сохтмони бандҳои бузурги об ва обанборҳо дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ин масъала барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, зеро дар ин ҷо захираи обу энергетика ниҳоят фаровон аст. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти кишвар ва беҳбуди шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад. Мо масъалаи истифодаи якҷояи оби дарёҳои сарҳадгузарро муҳокима кардем. Дар миқёси ҷаҳон 260 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст, ки мамлакатҳои гуногун онҳоро якҷоя истифода мебаранд. Боварӣ дорам, ки комиссияи байналхалқии сохтмони бандҳои бузурги об ба Тоҷикистон дар ин масъала кӯмаки калон расонда метавонад, гуфт Жиа Жиншенг ба мухбири АМИТ «Ховар».