Парчами давлатии Чумхурии Точикистон

 



                Парчами давлатии Чумхурии Точикистон рамзи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон мебошад. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон матои росткунчаест, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуки чойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, пахнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайни якуним баробари пахнои яке аз раххои ранга аст. Дар руи рахи сафед, аз чои чубдаста дар мобайни парчам бо зархал рамзи точи тансик шуда ва дар болои он хафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Точ ва ситорахои парчам дар шакли росткунчае чой дода шудааст, ки пахлуи амудиаш 0,8 ва пахлуи уфукиаш 1,0-и пахнои рахи сафед аст. Ситорахои панчгуша дар доираи кутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и пахнои рахи сафед чой мегиранд.
        Точи баландиаш 0,55-и пахнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои точро ташкил медиханд, дар марказ бо кисмати доираи кутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.
       Хар як ранги Парчами давлатии Чумхурии Точикистон маънии худро дорад. Ранги сурх рамзи мубориза, чоннисории халк бахри озоди ва истиклол. Ранги сафед, ин нишонаи бахт, умеду орзу мебошад. Ранги сабз нишонаи сарсабзи, нуму ва сарбаланди, некию хуррами мебошад. Точ ва хафт ситорахо ҳамчун тачассумгари сохибдавлати ва сохибихтиёри, инъикоси худро ёфтаанд.

       Парчами давлати рузхои ид, чашнхо, мусобикахои варзиши, вохурихои давлати, хангоми кабули мехмонони фахри барафрохта мешавад.