23 феврали соли 2010 аз чониби ООН катънома тахти унвони «Рўзи байналмилалии Наврўз» кабул гардид |
23 феврали соли 2010 дар ичлоси 64-уми Мачмаи Умумии Созмони Милали Муттахид дар чахорчўби банди 49-уми рўзнома: «Фарханги сулх» лоихаи катънома тахти унвони «Рўзи байналмилалии Наврўз» бо иттифоки оро кабул гардид.
Лоихаи катъномаи мазкур аз чониби хайатхои Точикистон, Афѓонистон, Эрон, Казокистон, Кирѓизистон, Озарбойчон, Туркия ва Туркманистон муштаракан тахия ва ба баррасии Мачмаи Умуми пешниход шуд.
Бино ба матни катънома, Мачмаи Умумии СММ:
1) 21 мартро хамчун Рўзи байналмилалии Наврўз эътироф менамояд;
2) аз кўшишхои кишвархои аъзо, ки дар он чо Наврўз чашн гирифта мешавад, чихати нигахдори ва густариш додани фархангу анъанахои марбут ба Наврўз истикбол менамояд;
3) кишвархои аъзоро ташвик менамояд, ки чихати баланд бардоштани сатхи маълумот дар бораи Наврўз кўшиш ба харч дода, хангоми зарурат, ба муносибати бузургдошти ин чашн чорабинихои солона баргузор кунанд;
4) аз кишвархои аъзо, ки дар он чо Наврўз тачлил мегардад, даъват менамояд, ки ба максади дар чомеаи байналмилали густурдани дониш дар бораи осори Наврўз, таърихи пайдоиш ва анъанахои ин чашнро омўзанд;
5) ба кишвархои аъзо ва Созмони Милали Муттахид, ба вежа ба муассиса, бунёд ва барномахои марбутаи он, пеш аз хама ЮНЕСКО, ба созмонхои байналмилали ва минтакави, инчунин созмонхои ѓайрихукумати пешниход менамояд, ки дар чорабинихои кишвархое, ки дар он чо Наврўз чашн гирифта мешавад, иштирок намоянд.
Наврўз, ки ба забони точики маънои «Рўзи нав»-ро дорад, рўзи эътидоли бахори мебошад. Миллионхо одамони сайёраи мо онро хамчун оѓози соли нав дар давоми хазорсолахо дар пахнои бузурги чуѓрофи чашн мегиранд.
Наврўз – рамзи бедоршавии табиат, оѓози кишту кор ва тавлиду тачдиди хамагони ба хисоб меравад. Дар симои Наврўз ягонагии мероси фархангиву анъанахои бисёрасра тачассум мегардад. Наврўз дар рушду тахкими муносибатхои байни халкхо дар асоси эхтироми якдигари, ѓояхои сулх ва хамчавори накши мухим мебозад.
Эътирофи 21 март хамчун Рўзи байналмилалии Наврўз аз чониби Мачмаи Умуми ба таквияти хусни тафохум, эхтироми хамдигар, сулх ва ризоияти байни халкхо сахми арзанда хохад гузошт.